Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Карзай ва Гелонӣ аз шоҳроҳ ба Тоҷикистон


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, мутмаин аст, ки бунёди шоҳроҳ аз Тоҷикистон то ба Покистон аз тариқи долони Вахони Афғонистон ба рушди тиҷорати миёни се кишвар мусоидат хоҳад кард.

Зимни сӯҳбат бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Исломобод, Гелонӣ гуфт, ки “Покистону Афғонистон бояд манфиати таҳкими ҳамкориҳои минтақаиро дарк намоянд”.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки ҳукуматаш аз тарҳи бунёди шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи долони Вахон пуштибонӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, бунёди ин шоҳроҳ ва ҳамчунин бунёди лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон аз тариқи хоки Афғонистон тарҳҳоеанд, ки барои бо ҳам пайвастани кишварҳои минтақа заруранд.

Изҳороти умедворкунандаи Карзай

Ба гуфтаи сиёсатмадорону коршиносон, шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон воқеъан ҳам барои рушди тиҷорату рафтуомад дар минтақа хело муҳим аст, зеро интиқоли молу колои Покистону Ҳиндустонро ба бозорҳои Осиёи Марказӣ осон хоҳад кард. Аз сӯи дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои ҷанубӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон мегӯяд, ки изҳороти ахири Карзай умедҳоро дар мавриди ба зудӣ шурӯъ кардани бунёди ин шоҳроҳ бедор кард, зеро барои татбиқи ин тарҳ ризояти ҳарсе кишвар – Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон зарур аст. Ҳукумати Афғонистон то имрӯз тасмими худро дар мавриди бунёди роҳ аз тариқи долони Вахон эълон накарда буд.

Роҳе, ки Тоҷикистонро бо бандарҳо мепайвандад


Зубайдулло Зубайдов дар сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бунёди ин роҳро, ки аз минтақаи Дурабасти Покистон шурӯъ шуда то ноҳияи Ишкошими Бадахшони Кӯҳистон тӯл мекашад, барои берун шудани Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ хело муҳим арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, ки “раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беруншавии кишвар аз бунбасти нақлиётӣ ва роҳ ёфтан ба масирҳои байнулмилаливу бандарҳои ҷанубиро аз аҳдофи аслии сиёсати кишвар эълон кардааст”.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, “баъд аз бунёди ин роҳ Тоҷикистон метавонад ба бандарҳои Гводар ва Карочӣ роҳ ёбад ва ҳама борҳоро аз тариқи ин бандарҳо ба кишвар ворид намояд”.

Дар долони Вахон нақб бунёд хоҳад шуд


Зубайдулло Зубайдов афзуд, ки “фақат 36 километр роҳе, ки аз тариқи долони Вахон мегузарад, нообод аст, яъне ин минтақа роҳ надорад, зеро кӯҳистон аст”. Дар ин минтақа бояд нақби мошингузар бунёд шавад. Зимнан, мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Исломобод, асноди марбут ба асосҳои техникии бунёди роҳ, аз ҷумла, бунёди нақб дар долони Вахон,аз сӯи мутахассисони Австралия аллакай таҳия шудааст.

Бунёди Оғохон ҳам саҳм мегирад

Зубайдулло Зубайдов меафзояд, ки барои бунёди шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи долони Вахон тақрибан 500-600 миллион доллар зарур аст. Аз ин пеш Бунёди Оғохон эълом дошт, ки омодаи саҳмгирӣ дар сармоягузории ин тарҳ мебошад. Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ҳам эълом дошт, ки шояд сармоядорони покистониро барои ширкат дар татбиқи ин тарҳ даъват намояд.
XS
SM
MD
LG