Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба истирдоди Закаев исрор меварзад


Раҳбари ҳавзаи федеролии Қафқози шимолии Русия Александр Хлопонин рӯзи ҷумъа тақозои Русия барои истирдоди Аҳмад Закаев, яке аз раҳбарони ҷудоиталабони чеченро такрор кард ва ӯро “террористи байналмилалӣ”-е номид, ки “бояд дар Русия муҳокима шавад.” Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск аммо гуфт, ҳукми истирдоди Закаевро фақат додгоҳ метавонад содир кунад.
Пулиси Лаҳистон Аҳмад Закаевро дар як кӯчаи Варшава дар роҳ ба сӯи додситонӣ боздошт кард. Закаев, ки барои ширкат дар анҷумани дурӯзаи чеченҳои ҷаҳон ба Лаҳистон омада буд, ҳангоми боздошташ ба хабарнигорон гуфт: “Ягон кори мудҳише рух надодааст. Лаҳистон як кишвари озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ва вақте ман фаҳмидам, ки чунин мушкиле бархостааст, тасмим гирифтам, то биёям ва худ бифаҳмам, ки асли моҷаро чист?”
Закаев аз соли 2003 дар Бритониё паноҳанда шуда буд. Мақомоти Лаҳистон ҳушдор дода буд, ки дар сурати вуруд ба ин кишвар Закаев тибқи дастури байналмилалие, ки Маскав содир кардааст, боздошт хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG