Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо Янукович ду рӯз музокирот хоҳад кард


Рӯзи ҷумъа силсилаи мулоқотҳои дурӯзаи руасои ҷумҳуриҳои Русияву Украина Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович шурӯъ мешавад. Ин музокирот дар Глухов, шаҳре дар вилояти бо Русия ҳаммарзи Сумии Украина оғоз ёфта, сипас дар Завидово, қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Твер идома хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар ин дидорҳо масоиле, чун ҳамкорӣ дар соҳоти ҳастаиву нақлиёт ва илму фанноварӣ баррасӣ хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, равобити Маскаву Киев баъди дар Украина ба қудрат расидани Янукович тақвият ёфт.
XS
SM
MD
LG