Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Закаевро дар Варшава боздошт карданд


Пулиси Лаҳистон Аҳмад Закаев, яке аз раҳбарони ҷудоиталабони чеченро, ки Русия бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард қарораш додааст, боздошт кард. Закаев, ки барои ширкат дар анҷумани дурӯзаи чеченҳои ҷаҳон ба Лаҳистон омада буд ва дар як кӯчаи Варшава дар роҳ ба сӯи додситонӣ боздошт шуд, ҳангоми боздошташ ба хабарнигорон гуфт: "Ягон кори мудҳише рух надодааст. Лаҳистон як кишвари озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ва вақте ман фаҳмидам, ки чунин мушкиле бархостааст, тасмим гирифтам, то биёям ва худ бифаҳмам, ки асли моҷаро чист"
Закаев аз соли 2003 дар Бритониё паноҳанда шуда буд. Мақомоти Лаҳистон ҳушдор дода буд, ки дар сурати вуруд ба ин кишвар Закаев тибқи дастури байналмилалие, ки Маскав содир кардааст, боздошт хоҳад шуд.
Маскав гуфтааст, истирдоди Закаевро таъқиб хоҳад кард. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск гуфт, Варшава бояд дастури байналмилалии боздошти Закаевро бояд эҳтиром кунад, вале ҳукми истирдоди ӯ ба Русияро додгоҳ хоҳад содир кард.
XS
SM
MD
LG