Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Барросо аз амалкардҳои Фаронса


Ба думболи моҷаро бо Фаронса бар сари ихроҷи лӯлиҳо аз он кишвар, Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо дирӯз гуфт, табъиз алайҳи аққалиятҳои миллӣ “ғайриқобили қабул” аст. Барросо дар ин бора баъди нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел сухан гуфт, ки ин ҳамоиш таҳти шуоъи моҷарои ихроҷи лӯлиҳо аз Фаронса қарор гирифт. Аз ҷумла аз ҷанҷоли лафзӣ байни ӯву Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса гузориш шудааст. Хосе Мануэл Барросо ҳамзамон эътироф кард, ки муқоисаи рафтори Фаронса бо таъқиби лӯлиҳо дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум нодуруст будааст. Раиси ҷумҳури Фаронса, ки аз кишвараш то кунун бештар аз 6 ҳазор лӯлиро рондаанд, гуфт, бо вуҷуди интиқодот аз амалкарди кишвараш, ба иқдом алайҳи нишеманои ғайриқонунии лӯлиён идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG