Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи ғаллаву орд бар асари хушксолӣ


Азия-Плюс аз қавли ширкати давлатии “Ғалла” менависад, ки қимати ғаллаву орди ба Тоҷикистон содиршаванда тахминан 50 доллар боло рафтааст. Тағоймурод Шарифов, раҳбари ин ширкат гуфтааст, ки ҳоло нархи як тонна ғаллаи навъи сеюму чорум беш аз 285 долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки моҳи июл нархи он 230 доллар буд. Дар баробари ин, нархи орди сохти Қазоқистон ҳам 30-40 доллар боло рафта барои ҳар як тонна 270-288 долларро ташкил медиҳад. Оқои Шарифов гуфтааст, ки бо сабаби хушксолии имсола дар оянда ҳам тамоюли болоравии нархҳо мушоҳида хоҳад шуд. Имрӯз, гуфт ӯ, қимати як халтаи 50-килоии орди навъи якум дар бозор 125 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки моҳи август нархи он 105 сомониро ташкил медод. Азия-плюс аз қавли вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон навиштааст, ки тавлиди ғалла дар дохили кишвар имсол дар ҳаҷми 917 ҳазор тонна дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG