Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти нерӯҳои мухолифи Арманистон ба нозирони хориҷӣ


Нерӯҳои пешсафи мухолифи давлат дар Арманистон ба нозирони аврупоӣ гуфтаанд, аз ислоҳоти пешниҳодии низоми интихоботӣ аз тарафи ҳукумат қонеъ нестанд. Ба гуфтаи мухолифин, тағйироти пешниҳодӣ, баргузории интихоботи шаффофу одилонаро тазмин намедиҳад. Иттиҳодияи инқилобӣ, Шӯрои миллӣ ва Ҳизби мероси Арманистон дар мулоқот ба нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Шӯрои Аврупо гуфтаанд, ҳукумат дар қонуни нави пешниҳодӣ бандҳоеро ҳифз кардааст, ки дасткорӣ ва таққалуб дар натиҷаҳои раъйдиҳиро осон мекунад. Владимир Карапетян, намояндаи эътилофи аҳзоби мухолиф ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфтааст, умедворанд, ҳукумат пешниҳодҳои онҳо барои ислоҳи қонуни интихоботро ба инобат гирифта ва иродаи воқеъии худро барои баргузории интихоботҳои одилонаву шаффоф нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG