Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово мегӯяд, мақомаш дигар ҷойи баҳс надорад


Ба думболи судури қатъномаи Созмони Милал, ки Сербистон ва Косоворо ба муколама даъват кардааст, раҳбарони Косово анҷоми ҳаргуна музокирот доир ба мақоми Косоворо рад карданд. Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово, гуфт, “масъалаи мақоми Косово комилан ҳал шудааст.” Дар қатъномаи пешниҳодии Сербистон ва Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳафтаи гузашта Маҷмаъи умумии Созмони Милал тасвиб кард, омадааст, муколама миёни Косово ва Сербистон “барои ҳамкорӣ ва дастёбӣ ба пешрафт дар роҳ ба сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва беҳбуди зиндагии мардум» мусоидат хоҳад кард. Истиқлолияти Косоворо, ки Сербистон ҷудо шуд, то кунун 70 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG