Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мансабдори Украина бо иттиҳоми ришваситонӣ


Мақомоти Кумитаи амнияти миллии Украина мегӯянд, як мақоми расмии шаҳри Днепропетровскро зимни гирифтани 5 ҳазор доллар ришвар боздошт кардааст. Ба гуфтаи онҳо, раиси муваққатии дастгоҳи шаҳр дар ивази иҷозатнома барои фаъолияти як ширкати хусусии нақлиётӣ дар Днепропетровск аз ӯ ришва хостааст. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, ин фард, ки номашро эълом накардаанд, дар гузашта ба мусоидати ғайриқонунӣ ба як ширкати нақлиётӣ барои кор дар Днепропетровск муттаҳам шудааст. Ин дафъа алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG