Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як хабарнигори маҳаллӣ дар Покистон


Дар шимоли Покистон афроди мусаллаҳи ношинос як хабарнигори маҳаллиро ҳадафи тирборон қарор доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, субҳи рӯзи сешанбе се фарди мусаллаҳ сӯи Мисрӣ Хон, раиси анҷумани хабарнигорони ноҳияи Ҳангу, тир андохтанд. Салоҳиддин Оракзай, хабарнигори маҳаллӣ ва шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мисрӣ бар асари ин ҳамла ҷароҳат бардошт ва ӯро ба таври оҷил ба бемористони Ҳангӯ интиқол доданд, вале талоши табибон барои наҷоташ самаре надод. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки мухолифини мусаллаҳ аз ин пеш ба Мисрӣ Хон барои нашри матлабҳои танқидӣ таҳдиди куштан карда буданд.
Ба иттилоъи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар ИМА, шурӯъ аз соли 1994 дар Покистон 42 хабарнигор, аз ҷумла, ду хабарнигори хориҷӣ ҷон бохтаанд. Бештари онҳо дар вилояти Хайбар-Пэхтунхва ва дар манотиқи қабоилнишин ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG