Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Рустамов раиси нави "Сомон Эйр" таъин шуд


Шӯрои мудирони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Алишер Рустамовро раиси кулли ширкат таъин кард. Темур Бандишоев, сухангӯи “Сомон Эйр”, ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки Алишер Рустамов аз ин пеш дар ширкати “Тоҷик Эйр” ва муассисаи “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” кор мекард. Фирӯз Эшонқулов, ки тайи се моҳи ахир кафили раиси кулли “Сомон Эйр” буд, дар мақоми муовини аввали раис пазируфта шуд. Раиси нави “Сомон Эйр” 26 сол боз дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мекунад.
XS
SM
MD
LG