Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти маргбор дар Кашмири Ҳинд


Пулиси Ҳинд мегӯяд, дасти кам 15 тазоҳургар зимни бархӯрд бо маъмурони амниятӣ дар аёлати Кашмири таҳти контроли ин кишвар кушта шудаанд. Сабаби тазоҳурот баъзе аз гузоришҳо доир ба он будааст, ки гӯё дар Амрико ба китоби Қуръон беэҳтиромӣ кардаанд. Як афсари пулис ҳам дар бархӯрд ҳалок шудааст. Даҳҳо ҳазор тазоҳургарони хашмгини мухолифи Ҳинд, муқаррароти қуюди шабгардиро нодида гирифта ва ба хиёбонҳои рехтанд, биноҳои ҳукуматиро оташ заданд ва ба қароргоҳҳои пулис санг андохтанд. Дар рустои Тангмарг дар 40 километрии шаҳри Сринагар, издиҳоме шиорҳои исломӣ ва зидди амрикоӣ сар дода ва сипас як мактаби масеҳиёнро оташ заданд. Тазоҳуротро зоҳиран гузориши телевизиони инглисизабони Эрон барангехтааст, ки гуфт, охири ҳафтаи гузашта дар Амрико ба китоби Қуръон беэҳтиромӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG