Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрии муҳим дар ҳукумати Қирғизистон


Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, бархе аз мақомҳои баландпояи интизомиро барканор ва ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин кардааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Роза Отунбоева гуфтааст, ки ҳадаф аз ин тағйироти кадрӣ, тақвияти мақомоти ҳифзи тартиботу қонун дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи оянда дар Қирғизистон аст. Аз ҷумла Қубатбек Байболов, вазири умури дохила, додситони кулл таъйин шудааст ва Зариблек Русалиев, сардори раёсати умури дохилаи шаҳри Бишкек, вазири умури дохила. Раҳбари Додгоҳи олии Қирғизистонро низ иваз кардаанд. Қирғизистон, ки моҳи июни шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ шуд, 10 октябр интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG