Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми молии ҷаҳонӣ ислоҳ мешавад


Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Базели Швейтсария раҳбарони бонкҳои кишварҳои мухталиф ба мувофиқат расиданд, ки низоми молии ҷаҳонӣ ба қонунҳои нав ниёз дорад. Вале бархе коршиносон ин иқдомро монеъа дар роҳи рушд медонанд.

Қоидаи нави байналмилалӣ, ки аз тарафи онҳо пешниҳод шудааст афзоиши захираи бонкҳоро мадди назар дорад, то дар ҳолатҳои фавқулода бонкҳоро аз варшикастагӣ муҳофизати кунад. Вале баъзе коршиносони соҳаи молӣ ин дастурро ҳамчун монеъа ба рушди иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд.

Бонкдорон ва нозирони низоми молии саросари олам аз қонуни нави фаъолияти бонкҳо пуштибонӣ намуданд. Ба ақидаи онҳо ин қонун имкон медиҳад, ки бонкҳо ба бӯҳронҳои ояндаи молӣ тобовар бошанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Базели Швейтсария, ки пойтахти бонкии ин кишвар унвон гирифтааст, нишасти раҳбарони бонкҳо ва нозирони молии 27 кишвари бонуфузи олам ва аз ҷумла ИМА ва Русия доир шуд.

Натиҷаҳои нишасти Базел

Ширкаткунандагони нишаст ба мувофиқат расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз варшикастагии бонкҳо дар ҳоли сармоягузории бенатиҷа бонкҳо бояд захираи худро беш аз се баробар афзоиш диҳанд. Яъне бар пояи дастури нав захираи эҳтиётии бонк бояд ба 7 дар сади сармоягузориҳо ва қарзҳои тақдим намудааш мусовӣ бошад. Тибқи қонуни кӯҳна захираи бонк бояд ҳадди ақалл 2 дар садро ташкил медод.



Ширкаткунандагони нишасти Базел бо ишора ба бӯҳрони саросарии молӣ ёдовар шуданд, ки бонкҳои бисёре натавонистанд сари вақт сармоягузориҳову қарзҳои худро баргардонанд.

Ба гуфти Жан Клод Трише раҳбари Бонки Аврупоии Бозсозиву Рушд, ки сарварии нишасти Базелро бар дӯш дошт, мегӯяд, дар дарозмуддат қонуни нав пойгоҳи бонкҳо ва низоми байналмилалии молиро таҳким мебахшад.

Ба қавли намояндаи кишвари мизбони нишаст Даниэл Тсубербауер меъёри нави байналмилалӣ имкон медиҳад, ки бонкҳо бидуни дастгирии молии ҳукуматҳо ба ҳар гуна бӯҳрон муқовимат кунанд. Тсубербауер, ки узви кумитаи бонкдорони Швейтсария мебошад, бар ин назар аст, ки бо иҷрои талаботи нав низоми молии байналмилалӣ ба қадри кофӣ нерӯмандтар мешавад. Номбурда афзудааст, ки бӯҳрони саросарии молӣ ва ноустувории соҳаи бонкӣ амри воҷиб будани қабули низоми нави захираи бонкҳоро собит намуд.
Вале баъзе бонкдорон ва коршиносони соҳаи молӣ ба ин бонкдори швейтсарӣ мувофиқ нестанд.

Маҳдудияти имкони қарздиҳии бонкҳо

Дар мақолае, ки рӯзномаи Нюйорк Таймс рӯзи 13-уми сентябр ба табъ расиондааст, таъкид мешавад, ки қонуни нав тамоми низоми бонкдорӣ ва доду гирифти бонкҳоро тағйир хоҳад дод. Муаллифи мақола иқтисодшиноси маъруфи амрикоӣ Скот Талбот навиштааст, ки ҳифзи миқдори зиёди сармоя ба ҳайси захира имконоти қарздиҳии бонкҳоро маҳдуд мекунад. Ӯ меафзояд, дар натиҷа бонкҳо шароити тақдими қарзро шадидтар намуда, роҳро барои марҳилаи дигари рукуди иқтисодӣ боз мекунанд.

Вале ширкаткунандагони нишасти Базел ҳам шояд бо ҳадафи созиш муддати иҷрои ин тақозоро то соли 2015Ум муқаррар намуданд. Ҳамчунон таъкид шудааст, ки дар ҳолатҳои истисноӣ муддати афзоиши захираи бонкҳо метавонад то соли 2019 тамдид ёбад. Ҷои ёдоварист, ки паймони Базел бояд дар моҳи ноябр дар шаҳри Сеул ҳангоми баргузории нишасти раҳбарони 20 кишвари саноатии олам маъруф бо номи G 20 пуштибонӣ ёбад ва сипас маҷлисҳои қонунгузори кишварҳои олам онро тасдиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG