Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нороҳатии оҷонси ҳастаӣ аз пойфишориҳои Эрон


Раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ имрӯз аз тасмими Эрон, ки вуруд ба Эронро ба ду бозраси байнулмилалӣ манъ кардааст, изҳори таассуф намуд. Юкиа Амано гуфт, радди батакрори бозрасон аз тарафи Эрон кори оҷонсро ба мушкил рӯбарӯ мекунад. Амано имрӯз дар ифтитоҳи нишасти шӯрои бунгоҳе, ки 35 кишвар узви онанд, гуфт, Теҳрон дар моҳи июн бо иттиҳоми пахши иттилои тақаллубӣ дар бораи барномаи ҳастаияш вуруди ду бозрасро ба Эрон манъ намуд. Вале Амано ба аъзои шӯро гуфт, ба кордонӣ ва бетарафии онҳо эътимод дорад. Баҳси сари бозрасон ба нигарониҳои байнулмилалии марбут ба барномаи ҳастаии Эрон афзудааст. Кишварҳои Ғарб ҳарос доранд, ки Эрон дар пайи сохтани бомбаи ҳастаист, вале Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG