Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки саҳлангории ин афрод боиси он шудааст, ки 25 нафар маҳбус бо сарварии Иброҳим Насриддинов тавонистаанд мусаллҳ шаванд, нигаҳбони зиндонро ба қатл расонанд ва билохира бигурезанд.
Парванда нисбат ба кормандони боздоштгоҳи вазорати адлия барои вайрон кардани услҳои ойинномаи хидмати посбонӣ ва фаротар аз салоҳият пой гузоштан ва ё умуман амал накарданд ба ҳангоми иҷрои вазифа боз шудааст.
Ҳамчунин ба иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хидматӣ алайҳи як афсари боздоштгоҳи вазорати адлия низ, ки иҷоза ворид шудан ва ҷойгир намудани мошини як корманди боздоштгоҳи КАМ ба ҳудуди боздоштгоҳи вазорати адлияро додааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ва маҳбусони фирорӣ маҳз аз ҳамин мошини «Тойота» зимни фирор аз маҳбас истифода кардаанд.
Гуфтанист, рӯзи 23 август 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, баъди куштани панҷ посбони зиндон фирор карданд.
То ҳоли ҳозир шаш наҷар аз ин маҳбусон дар ноҳияҳои атрофи Душанбе боздошт шудаанд. Ҷустуҷӯи маҳбусони боқимонда дар ҳоли ҳозир идома доррад.
Шарҳҳоро бинед (6)
Боз кардани шарҳи бештар