Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Аврупо ва ИМА аз референдуми Туркия


Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз натиҷаҳои назархоҳии умумии ислоҳи қонуни асосии Туркия истиқбол карданд. Тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии ин кишвар қудрати ҳарбиёнро маҳдуд ва низоми адлияро иваз хоҳад кард. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки 58 дарсади туркҳо аз ислоҳоти пуштибонӣ кардаанд. Бино бар он ҳарбиён, дар додгоҳҳои мулкӣ ҷавобгӯ хоҳанд буд. Гуфта мешавад, дар назарсанҷии умумӣ 77 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд. Бо истиқбол аз ин натиҷаҳо, сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон, гуфт, "демократияи туркӣ" дар он "пирӯз" омад. Аммо мухолифон ҳарос доранд, ки ислоҳоти қонуни асосӣ ҳизби Адолат ва тараққии Эрдуғонро, ки решаҳои исломӣ дорад, тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG