Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамапурсӣ дар Туркия анҷом ёфт


Дар Туркия ҳамапурсӣ ё референдум оид ба ислоҳоти Қонуни асосии кишвар поён ёфт. Натоиҷи аввали ин маъракаи сиёсӣ баъд аз чанд соат эълон хоҳад шуд.
Мақомоти Туркия мегӯянд, ки тайғиру иловаҳо Қонуни асосиро бештар демократӣ ва ба меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ месозад. Гуфта мешавад, яке аз ин тағйирот, ки аз сӯи Ҳизби ҳукмрони адолат ва тавсеъа пешниҳод шудааст, ба интихоби қозиҳои додгоҳ марбут аст. Дар Қонуни асосӣ шадидтар шудани пойбандии низомиён аз додгоҳҳои мулкӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Мухолифини ҳукумат бо ин ду нукта муқобиланд ва мегӯянд, ки ҳадафи мақомот аз ин тайғирот – таҳти назорат қарор додани сохтори додгоҳии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG