Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як афсари тоҷик дар марз бо Афғонистон


Бар асари як бархурди мусаллаҳона дар минтақаи Панҷ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Ба иттилои масъули матбуотии сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, афсари 23 солаи нерӯҳои марзбонӣ Сафарбек Қурбонов тайи як бархурд бо марзшиканон ҷони худро аз даст додааст.
Ин манбаъ ба хабаргузори «Азиа Плюс» гуфта ки, ҳамла шаби 7 ба 8-уми сентябр дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Панҷ сурат гирифтаст. Гурӯҳи муташаккили иборат аз тақрибан 40 нафар аз ҷониби Афғонистон, дар як минтақа соҳили дарёи Ому ҷойгиршуда пас аз табодули оташ ба марзбонони тоҷик, дубора ба он тарафи марз фирор намуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, гурӯҳи мазкур ба асари фишори нерӯҳои зидди даҳшатафкании НАТО мустақар дар Афғонистон, дар соҳилҳои дарёи Панҷ паноҳ бурдаанд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақт рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG