Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгарди маҳбуси амрикоӣ озод мешавад


Эрон қарор аст рӯзи 11-уми сентябр, яке аз се ҷаҳонгарди маҳбуси амрикоиро аз зиндон озод кунад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ин тасмим дар робита ба Иди Фитр гирифта шудааст.

Дар ин паём гуфта мешавад, "бо табрики Иди Фитр, рӯзи шанбе, соати 9-и субҳ яке аз амрикоиёни боздоштшуда ба озодӣ хоҳад баромад."

Эрон танҳо яке аз се зиндониро озод мекунад

Ризо Ширавӣ, раиси дафтари матбуоти хориҷӣ дар Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон пахши ин паёми электронии вазоратро расман тасдиқ кард.

Вазорат, тибқи маъмул, аз тариқи ирсоли паёмак ё СМС ба телефонҳои ҳамроҳи хабарнигорони хориҷӣ, онҳоро аз рӯйдод ва нақшаҳои худ дар ҷараён мегузорад.

Дар Вошингтон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Марк Тонер гуфт, кишвараш ҳанӯз далеле дар даст надорад, ки эҳтимоли озодии амрикоии боздоштшударо тасдиқ кунад, вале аз ин хабар истиқбол менамояд:

"Мусалламан, агар ин хабар рост барояд, як хушхабари ҳаяҷонбахше хоҳад буд. Раҳоии ҷаҳонгард мебоист хеле пештар амалӣ мегашт ва ман метавонам танҳо изҳори умедворӣ кунам, ки ҳарсеи онҳо озод хоҳанд шуд."

Як дипломати эронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дертар дар давоми рӯз эълон кард, ки манзури кишвараш озодии Сара Шурди 31-сола аст, ки бино бар хабарҳо, вазъи саломатияш бад шудааст. Вай гуфт, озодии ӯ хеле ба зудӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Дар ҳамин ҳол, вакили ҳуқуқии ҷаҳонгардони маҳбус Масъуди Шарифӣ дар як тамоси телефонӣ аз Теҳрон ба Радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ман озодии онҳоро талаб кардаам ва умедворам, ки талаби ман ба муносибати Иди Фитр мавриди пазироӣ қарор мегирад. Умедворам, ба камияш Сара Шурд озод хоҳад шуд."

Иттиҳоми боздошшудагон ба ҷосусӣ

Шурд, якҷо бо Шейн Боер ва Ҷош Фаттал аз тарафи мақомоти эронӣ дар таърихи 31-уми июли соли 2009 дар наздикии марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Ҳар се шаҳрванди Амрико буда, мегӯянд, тасодуфан ба қаламрави Эрон ворид шудаанд.

Ин боздошт равобити бе ин ҳам сарди Эрон ва Амрикоро тезутунд кард. Иёлоти Муттаҳида бар сари барномаи ҳастаии Эрон бо Теҳрон мушкил дошт ва бо талошҳои он бастаи чаҳорум ва шадидтари таҳримҳои зидди Эрон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тасвиб расид.

Мақомоти Эрон ҳар се боздоштшударо дар ҷосусии зидди Эрон айбдор мекунанд ва раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки онҳо бо эрониёни маҳбус дар Амрико табодула хоҳанд шуд.

Дархостҳои батакрори модарони се боздоштшуда дар ин байн бенатиҷа гузошта мешуд.
XS
SM
MD
LG