Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонони Амрико пас аз нӯҳ соли ҳамлаҳои террористӣ


Имсол маъракаҳои поси хотири қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11-и сентябри соли 2001 дар Амрико дар шароите баргузор мешавад, ки мусалмонони ин кишвар бештар аз ҳар вақти дигар бо эҳсосоти зиддиисломӣ рӯбарӯ мешаванд.

Чандин ҳодисаи зишти ҳамла ба мусалмонон, ки бо сабаби барномаҳои бунёди масҷиде дар наздикии маҳалли таркиши 9 соли пеш дар Ню-Йорк дар ин охирҳо ба мушоҳида расидааст, боиси афзоиши баҳсҳо ва дубора зинда шудани хотироти талхи он рӯзҳо шудааст.

Мусалмонон нӯҳ сол пас аз ҳамлаи маргбор

Аз рӯзе, ки маъмурони Ал-Қоида бо се ҳавопаймои мусофирбар дар Ню-Йорк ва Вашингтон ҳамлаҳои маргбор анҷом дода боиси кушта шудани ҳудуди се ҳазор нафар шуд, нӯҳ сол гузашт.

Дар баъзе маҳалҳои Амрико ҳоло ҳам дидан мумкин аст, ки тавассути ишораву навиштаҷот мардум мегӯянд, ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001-ро аз хотир набаровардаанд.

Вале айни замон, бо наздикшавии ин сана, дар баъзе ҷойҳо эҳсоси нобовариву шубҳа нисбати мусалмонони Амрико боло гирифта то ба ҷое расидааст, ки баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ талош мекунанд бо сабабҳои амниятӣ, аз таҷлили бошукӯҳи иди муҳими худ – Фитр худдорӣ кунанд.

Қабл аз рӯйдодҳои нӯҳ соли пеш, шаш миллион мусалмони Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷомеа бидуни ҳеҷ мушкиле ба сар мебурданд.

Вале ҳоло бархе дар ҳолате ҳастанд, ки бояд ҳамарӯза ба ҳамсояву дӯстон ва ҳамкорони худ собит кунанд, ки Ислом як мазҳаби сулҳхоҳ аст ва он террористоне, ки ба Ал-Қоида иртибот мегиранд, бо дину мазҳаб умумияте надоранд.

Мухолифати мардум ва пофишории мақомот

Нақшаҳои бунёди маркази исломие дар наздикии маҳалли таркишҳои 11 сентябри соли 2001 дубора эҳсосоти зиддиисломиро дар ин ҷомеа барангехтааст.

Тибқи баъзе назархоҳиҳо, 70 дар сади амрикоиҳо мухолифати худро бо ин тарҳ баён карда бархе тавассути намоишҳои эътирозӣ тақозои бекор шудани ин барномаҳоро карданд.

Аз нигоҳи мухолифони тарҳ, ин амал баробар бо беэҳтиромӣ ба хотири қурбониҳои ҳодисаҳои террористии он солҳо арзёбӣ мешавад.

Бояд гуфт, бо бунёди ин тарҳ мири шаҳри Ню-Йорк Майкл Блумберг мувофиқат карда гуфтааст, ки барномаи бунёди масҷид баёнгари пойбанд будани Амрико ба ӯҳдадориҳояш дар заминаи озодиҳои мазҳаб мебошад.

Вале на ҳама дар Амрико бо ин андеша розӣ ҳастанд.

Дар пайи мубоҳисаҳои зиёди зиддиисломӣ дар матбуот, чанд ҳодисаи ҳамла ба намояндаҳои ин мазҳаб, ба мисли куштори як ронандаи мусалмон дар Ню-Йорк, партоби хуки бозичагӣ ба масҷиде дар Калифорния, оташзании маҳалли сохтмони масҷиди оянда дар Теннесӣ ва ниҳоят – ҳодисаи пурсару садои таҳдиди сӯхтани китоби муққаддаси мусалмонон – Қуръон хотири мусалмонони Амрикоро мушавваш кард

Афзоиши рӯҳияи зидди исломӣ пас аз 11/9

Ҳарчанд ингуна ҳодисаҳо зиёд нест, вале тибқи мушоҳидаҳо, баъди ҳодисаҳои 11 сентябр, рӯҳияи зиддиисломӣ дар Амрико ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Аз ин хотир, дар рӯзҳои таҷлил аз иди Рамазон, баъзе масҷидҳову марказҳои фарҳангии мусалмонон гуфтаанд, ки ин навбат Иди Фитрро на бо он шукӯҳе таҷлил хоҳанд кард, ки дар гузашта мекарданд.

Қосим Алӣ, яке аз масъулини маркази исломие дар Дирбони Мичиган мегӯяд, дар сӯҳбатҳояш бо намояндагони мазҳабҳои дигар талош мекунад боварҳои иштибоҳии онҳоро аз Ислом бартараф кунад. Аз ин рӯ, дар ин шаҳри дорои бузургтарин ҷамъияти мусалмонони Амрико, ба қавли ӯ, эҳсосоти зиддиисломӣ роҳ наёфтааст.

“Мо дар бораи ин ҳодисаҳо хабар дорем, мутаассифона ҳар ҳодисаи дигар ба болои дигараш ҷамъ мешавад. Умедворам, мо як паёми таҳаммулпазириву сулҳро фиристода роҳҳои бархӯрд бо ингуна ҳолатҳоро намоиш медиҳем”.

Мусалмонон таҳаммулпазириро пеша кардаанд

Бархе марказҳои исломии дигар дар Амрико, мисли маркази Адамси Вирҷиния бо 20 ҳазор мусалмонаш гуфтаанд, ки иди Фитрро рӯзи 10 сентябр, на 11-ум таҷлил мекунанд. Дар маркази исломии Вашингтон ҳам идро рӯзи 10-ум таҷлил карданд.

Ин шабу рӯз, аксар раҳбарони ҷомеаҳои исломии Амрико аз мусалмонони оддӣ даъват мекунанд, ки бо ибрози эҳтиром ба хотироти 11 сентябри соли 2001 ба дасисаву иғвоҳои зиддиисломӣ, мисли таҳдиди оташзании Қуръон бархӯрди манфӣ накунанд.

Аббос Корома, китобдори Маркази исломии Вашингтон мегӯяд:

“Мо бояд ботаҳаммул бошем. Мо бояд дуруст рафтор кунем ва зиндагии дурустро пеш барем. Мо набояд мағрур, ҷангҷӯ ва пурхушунат бошем. Мо бояд сулҳомез рафтор кунем. Мо бояд роҳи сулҳи муайянкардаи пайғамбари Ислом Муҳаммадро пеша карда шукргузор бошем”.

Як ҷавони мусалмони дигари сокини Вашингтон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки талош мекунад дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ рукнҳои аслии дини Исломро иҷро ва нафаронеро, ки бо роҳи хато мераванд, раҳнамоӣ кунад.
XS
SM
MD
LG