Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Демократияи парлумонӣ фалокат меорад


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, демократияи парлумонӣ барои Русия фалокате хоҳад шуд. Медведев рӯзи ҷумъа дар анҷумани дурӯзаи Ярославл гуфт, ҷомиаи Русия хеле мӯҳтотона ва қадам ба қадам навсозӣ хоҳад шуд. Медведев афзуд: “Русия, бе ягон шакк, демократист. Бале, он ҳанӯз ҷавону норасид ва нокомилу бидуни таҷруба аст, вале ба ҳар сурат, ин демократия аст. Мо дар оғози ин роҳ қарор дорем. “
Ӯ афзуд, аксари мардуми Русия таҷрубаи мушкиле бо демократия доранд, ба хусус ба далели афзоиши фақр дар пайи фурӯпошии низоми коммунистӣ. Медведев ба маҳзи ислоҳоти кунди демократӣ ва тавассути пулис бераҳмона саркӯб шудани эътирозҳо тайи ин 2 соли раҳбариаш таҳти танқид қарор дорад.
XS
SM
MD
LG