Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии шунавандагон аз Радиои Озодӣ


Мақсудов Дилшод Юсуфҷонович соли 2000 аз маҳалли хидмати ҳарбиаш дар қисми низомии Горди миллии Тоҷикистон, мустақар дар маҳаллаи Политехникуми Душанбе ғайб задааст
Мақсудов Дилшод Юсуфҷонович соли 2000 аз маҳалли хидмати ҳарбиаш дар қисми низомии Горди миллии Тоҷикистон, мустақар дар маҳаллаи Политехникуми Душанбе ғайб задааст

Ду шунавандаи доимии барномаҳои Радиои Озодӣ аз шаҳри Новгороди Русия ба мо занг зада, хоҳиш карданд, ки дар ҷустуҷӯи як пайванди онҳо кӯмак расонем. Онҳо мегӯянд, ки бародари онҳо Мақсудов Дилшод Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1981, зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ, ҳанӯз соли 2000, аз маҳалли хидмати ҳарбиаш дар қисми низомии Горди миллии Тоҷикистон, мустақар дар маҳаллаи Политехникуми Душанбе ғайб зада, дигар нишоне аз ӯ наёфтаанд.

Онҳо мегӯянд, фақат як хабар ба онҳо расид, ки гӯё Дилшодро дар Фархор дидаанд. Қобилҷон Лоиқов, тағои Дилшод, мегӯяд, дигар нишоне аз ӯ пайдо нест. Оқои Лоиқов, ки раҳбари ҷамъияти тоҷикони Новгород ҳам будааст, мегӯяд, талошҳои онҳо барои пайдо кардани Дилшод натиҷае надод. Ба бовари ӯ, агар Дилшод дар кадоме аз кишварҳои пасошӯравӣ, барои мисол, дар Русия мебуд, тайи ин ҳама сол ҳатман аз худ дарак медод. Ба гумони онҳо, имкон дорад, ки ӯ ба он сӯи Омӯ, шояд ба Афғонистон ё ба кадом кишвари дигари он самт фирор карда бошад.

Қобилҷон Лоиқов мегӯяд, як нишонаи Дилшод як пора мӯи сафеди модарзод дар тоқи сари ӯст:



Заробуддин Мақсудов, додари хурдии Дилшод Мақсудов гуфт, тайи ин 10 сол падару модараш дар ҳасрати дидори фарзанди гумшудаи худ пиру мариз шудаанд, вале боз ҳам умеди дидори дигарбора бо Дилшод дар дили онҳо зинда аст. Ӯ афзуд, ки онҳо барои пайдо кардани Дилшод ба барномаи “Жди меня”-и шабакаи аввали телевизиони Русия низ муроҷиат хоҳанд кард.



Аз ҳамаи онҳое ки дар бораи сарнавишти Дилшод Мақсудов хабаре доранд, хоҳиш мекунем, бо шумораи 918 692 775 дар Душанбе ва шумораи (+420) 725 037 943 дар Прага тамос бигиранд.
XS
SM
MD
LG