Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Мулло Умарро ба музокироти сулҳ даъват кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз раҳбари Толибон Мулло Умар даъват кард, бо хатми набардҳо ба музокироти сулҳе, ки поён додан ба ҷангҳои тӯлонӣ дар ин кишварро ба ҳадаф дорад, бипайвандад. Карзай, ки дар ҷамъи вазиронаш дар маъракае ба муносибати поёни моҳи шарифи Рамазон ва расидани иди Фитр сӯҳбат мекард, аз Мулло Умар даъват кард, ба “бародаркушӣ” хотима диҳад. Карзай ҳафтае қабл дар бораи ташкили як Шӯрои олии сулҳ ба хотири таъқиби музокиот бо Толибон хабар дод.
Аммо Мулло Умар, раҳбари Толибон рӯзи чоршанбе дар як паёми интернетӣ иддао кард, ки Толибон дар ҷанге, ки 9 сол боз идома дорад, ба пирӯзӣ наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG