Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Сара Шоурдро "ба зудӣ" раҳо хоҳад кард


Эрон мегӯяд, ки Сара Шоурд, яке аз 3 кӯҳнаварди амрикоии соли гузашта дар ин кишвар боздоштшударо “ба зудӣ” раҳо хоҳад кард. Бархе мақомоти эронӣ мегӯянд, ки Сара Шоурд шояд то рӯзи шанбе раҳо шавад, вале сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст гуфт, таърихи дақиқи раҳоии ин зан ҳанӯз дар дасти баҳс қарор дорад.
Бино ба хабарҳо, вазъи сиҳҳати Сара дар зиндони Теҳрон хуб нест. Бо ин ҳол, дар мавриди сарнавишти ду кӯҳнаварди дигари амрикоӣ, ки низ дар Эрон таҳти боздошт қарор доранд, ҳарфи наве ба дастҳо нарасидааст. Ин се тан дар поёни моҳи июли соли гузашта ҳангоми кӯҳнавардӣ дар як минтақаи марзии Ироқ зоҳиран дар пайи убури марзи Эрон боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG