Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПАД дар пайи таъсиси як низоми зиддибӯҳронист


Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ(ПАД) Николай Бордюжа гуфт, ин паймони низомӣ дар пайи сохтани низомест, ки аз бӯҳронҳое, назири рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ҷилавгирӣ кунад. Бордюжа таъсиси чунин як низомро зарур хонд ва гуфт, ки онҳо феълан рӯи ин барномаи дар нишасти ахири паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван тасвибшуда кор мекунанд.
ПАД як эътилофи низомии таҳти нуфузи Маскав аст, ки 7 кишвари шӯравии собиқ – Русияву Беларус, Арманистону Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG