Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон


Пас аз як моҳи тоату ибодат мусулмонони Тоҷикистон аз Иди Фитр ё Рамазон таҷлил мекунанд. Субҳи имрӯз, 10-уми сентябр, дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар намози Иди Фитр баргузор шуд.

Чун анъана нахустин табрики Фитр дар Тоҷикистон субҳи барвақт бо садои кӯдакон оғоз шуд, ки дари хонаҳоро мекӯфтанд ва дар ивази муборакбодӣ аз бузургсолон туҳфаи идона мегирифтанд.

Бузургсолон иди Рамазонро бо гузоштани намози ид оғоз карданд ва масҷидҳои шаҳри Душанбе лабрез аз мардуми эътиқодманд буд. Дар ин рӯз мардуми мусалмони Тоҷикистон ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазорҳои гузаштагон мераванд.

Таҷлил аз Иди Фитр дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00


Масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе субҳи имрӯз моломоли намозгузорон буд. Ҳазорон нафар аз сокинони пойтахт иди Фитрро бо гузоштани намоз дар ин масҷид оғоз карданд.

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки чун анъана ҳарсола дар ин маросим ширкат мекард, имсол ҳузур надошт. Аз ҳукумат имсол раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов намояндагӣ кард ва мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи ид табрик гуфт.

Паёми идонаи президент

Дар остонаи иди Фитр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар паёми идона дод ва мардумро ба саховатмандӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват кард. Ӯ гуфт, аввалин амали нек, ки дар рўзи иди Фитр бояд анҷом гирад, додани садақа ба ятимону дармондагон, бечорагону мўҳтоҷон аст.

Ҷаноби Раҳмон мардуми Тоҷикистонро дар баробари хайрандешӣ ҳамчунин ба таҳаммулпазирӣ даъват кард. Ӯ бори дигар аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум ёдовар шуд ва гуфт, имрӯз хатари тундгароӣ ба кишвар таҳдид дорад ва вазъи феълӣ аз мардум “ҳушёрии сиёсӣ” ва масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Раисиҷумҳур гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани маърифати динии мардум ва бароварда сохтани ниёзҳои эътиқодии мусалмонони кишвар мусоидат мекунад.

Ӯ фаъолияти ниҳодҳое, ба мисли Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро далели таваҷҷӯҳи хоси ҳукумат ба масоили мазҳабӣ номид.
XS
SM
MD
LG