Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Русия


Дар натиҷаи инфиҷори як мошини бомбагузоришуда аз тарафи ронандаи худкуши он дар Осетияи Шимолии Русия 17 нафар кушта ва зиёда аз 80 тан захмӣ шудаанд. Таркиш дар даромадгоҳи асосии бозори марказии шаҳри Владикавказ, пойтахти ин минтақаи Русия ба вуқӯъ пайваст. Сухангӯи Додситонии кулли Русия мегӯяд, дар робита ба инифҷор парвандаи терроризм боз шудааст. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев намояндаи худро ба Осетияи Шимолӣ, минтақае дар Қафқози Шимолӣ фиристод, якҷо бо ҷамоҳири дигари он, монанди Чеченистону Доғистон дастхуши ташаннуҷ ва ҳамлаҳои террористӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG