Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон мардумро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми идона ба муносибати иди Фитр, гуфт аз он хотир, ки Тоҷикистон дар минтақаи бархӯрди манофеъи геополитикӣ воқеъ шудааст, мардум бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд: “Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатарҳои зиёде ба амнияти аҳли башар таҳдид мекунанд: "Ин ба мо- мардуми Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад ва омили он минтақаи ҷойгиршавиии кишвари мост, ки ба арсаи бархўрди манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфтааст. Ин аз ҳар кадоми мо- мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимоӣ беш аз пеш ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.” Як ҳафта пеш аз иди Фитр дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон, як бомбгузори маргталаб мошини бомбгузоришударо дар назди қароргоҳи милиса мунфаҷир карда ду афсари пулисро кушт ва 25 нафари дигарро захмӣ кард. Як созмони номаълуми “Ҷамоати Ансоруллоҳ” масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Афзоиши нуфузи мазҳаб дар зиндагии мардум ва муҳофизакор шудани гурӯҳи зиёде аз ҷавонон нигарониҳо доир ба афзоиши андешаҳои ифротӣ дар миёни ин гурӯҳҳоро афзудааст.
XS
SM
MD
LG