Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро «бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навин» хонд ва гуфт, бо истифода аз неъмати он ва сулҳу амният дар кишвар ҳукуматаш таъмини истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои муҳими худ медонад. Президенти Тоҷикистон зимни табрику таҳнияти шаҳрвандон дар як паёми телевизионӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар 19 соли ахир ва самтҳои сиёсати дохиливу ва хориҷии кишвар гузориш дод ва гуфт, ҳукуматаш қатъи назар аз монеа ва мушкилот дар татбиқи тарҳҳои муҳими стратегӣ азми қавӣ дорад. Президент ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ишора кард, ки ахиран баҳс ва ихтилофи назари Тоҷикистон ва Узбакистонро ба бор овардааст.