Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи дипломати амрикоӣ аз ҳабси Лев Пономарев


Дипломати аршади Иёлоти Муттаҳид аз боздошти як ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсон дар Русия изҳори таассуф кардааст. Ноиби вазири умури хориҷии Амрико, Виллям Бурнс, ки бо сафари расмӣ дар Русия ба сар мебарад, аз он изҳори таассуф кард, ки наметавонад бо фаъоли ҳуқуқи башар Лев Пономарев, ки ба муддати чаҳор рӯз зиндонӣ шудааст, мулоқот кунад. Ӯро ба саркашӣ аз фармони полис дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи 12-уми август дар Маскав айбдор кардаанд. Ин тазоҳуроте буд бар зидди шаҳрдори Маскав, Юрий Лужков. Мулоқоти Бурнс ва мушовири президенти Амрико Барак Обама, Майкл Макфоул бо Пономарев чанд моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG