Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳоли омодабош


Дар Тоҷикистон дар остонаи 19-умин солгарди истиқлоли кишвар, ки фардо 9 сентябр таҷлил мешавад, мақомоти интизомӣба ҳоли омодабош оварда шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳолати омодабоши нерӯҳои амниятӣ дар остонаи ҷашни истиқлол як амали маъмулист, ки ба хотири ҳифзи амният дар рӯзҳои ҷашнӣ андешида мешавад. Аммо дар як моҳи ахир авзоъи ҷиноӣ дар Тоҷикистон бадтар шудааст, зеро моҳи август аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ 25 зиндонӣ фирор карданд. Дар Хуҷанд ҳамлаи маргбори интиҳорӣ сурат гирифт ва рӯзи панҷуми сентябр ҳам бар асари таркиши норинҷак дар як дискоклуби Душанбе чанд нафар захмӣ шуд.
XS
SM
MD
LG