Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикномаи Ҳилларӣ Клинтон ба мардуми Тоҷикистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мардуми Тоҷикистонро бо фаро расидани 19-уми солгарди ҷашни истиқлолияти миллӣ табрик гуфт. Номаи табрикии хонум Клинтон дар саҳфаи интернетии вазорати умури хориҷии Амрико нашр шудааст.

Хонум Клинтон дар табрикномаи худ, ки дар торнамои вазорати умури хориҷии ИМА нашр шудааст, гуфтааст, «ман аз номи раисиҷумҳур Барак Обама ва мардуми Иёлоти Муттаҳида ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба 19-умин солгарди истиқлолияти миллӣ табрик мегӯям».

Клинтон дар номаи табрикиаш мегӯяд, равобити Тоҷикистону Амрико дар солҳои охир тавсеа ёфта, ду кишвар дар бахшҳои муҳиме, чун гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир, манъи густариши таслиҳоти куштори ҷамъӣ ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳамкорӣ доранд.

Клинтон гуфтааст, Амрико ба равобити дарозмуддате бо Душанбе пойбанд аст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистонро нумӯъ бахшида, ба суботу амнияти минтақа биафзояд ва ислоҳоти демократиро пеш бубарад.

Номаи табрикии сафорати Амрико

Субҳи имрӯз сафорати Амрико дар Душанбе ҷиҳати равобити дарозмуддат бо Тоҷикистон ба манзури тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои “амнияту рушд ва ҳокимияти шаффофу одил” изҳори омодагӣ карда ва ҳамчунон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи истиқлолияти миллӣ табрик гуфт.

Дар номаи сафорати ИМА омадааст, ки Вошингтон дар оянда чашмдори ҳамкориҳои тӯлонӣ бо мардуми Тоҷикистон аст. Сафорати Амрико тайи ин нома солгарди 19-уми истиқлолияти Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфтааст.

Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991, се моҳ пеш аз суқути Иттиҳоди Шӯравии пешин, аз сӯи порлумони вақти кишвар тасвиб шуда буд.

Амрико аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва сафоратхонаи худ дар Душанберо боз кард.

Ҳоло Амрико ба яке аз кишварҳои асосии кӯмакунандаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Танҳо мизони кӯмакҳои билоивази ин кишвар дар ин муддат, аз 1 миллиард доллар бештар шудааст.

Қаблан, дафтари матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар чаҳор моҳи аввали соли равон, аз январ то апрели соли 2010, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар миёни кишварҳои кӯмакрасон ҳамчунон дар бахши ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон, дар ҷои аввал қарор дорад.

Қонуни истиқлоли Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 тасвиб шуд. Соле пеш, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, парлумони Тоҷикистон эъломияи истиқлолро тасвиб карда буд.
XS
SM
MD
LG