Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунҷамид шудани дороии раҳбарони "Кобулбонк"


Мақомоти Афғонистон фурӯши молу мулки дар Кобул доштаи ду раҳбари собиқи “Кобулбонк”, бузургтарин бонки хусусии ин кишварро манъ кардаанд. Нашри хабарҳо дар бораи эҳтимоли расвоии ин бонк ба иллати вомдиҳиҳои машкук ва сармоягузориҳои хатарнок ҳазорон нафар аз муштариёнашро дар назди дафтарҳои “Кобулбонк” гирди ҳам овард. Давлат ва Бонки марказии Афғонистон аммо мегӯянд, вазъи бонк собит аст.
Сухангӯи Бонки марказӣ Аҷмал Ҳашур имрӯз гуфт, моликияти марбут ба раису мудиромилони пешин ва чандин тан аз саҳомдорону вомгирони асосии бонкро то рӯшан шудани вазъ мунҷамид кардаанд.
XS
SM
MD
LG