Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аловӣ: ҳукумати Ироқ ба зудӣ таъсис хоҳад шуд


Сарвазири пешини Ироқ ва раҳбари эътилофи “Ал-Ироқия” Аёд Аловӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати нави кишвар то охири моҳи октябри соли равон ташкил хоҳад шуд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтер дар Бағдод Аловӣ гуфт, ки "ҳамаи мо дар марҳалаи омодагӣ қарор дорем. Мо медонем, ки ташкили ҳукумат ба дарозо кашидааст. Ва аммо муҳимтар аз ҳама амният аст ва аз ин рӯ мо бояд дар ин самт корро бо эҳтиёт идома диҳем, зеро, тавре шумо медонед, Амрико Ироқро тарк мекунад. Ироқ барои таъмини амният ва субот бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад".
Бӯҳрони сиёсии марбут ба ташкили ҳукумати нав дар Ироқ аз моҳи март, баъд аз интихоботи парлумонӣ, ба ин сӯ идома дорад. Эътилофи Аёд Аловӣ ва сарвазири феълӣ Нурӣ Ал-Моликӣ дар мавриди таъсиси ҳукумати нав ба созиш нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG