Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти шайх Амонуллоҳ Неъматзода


Шайх Амонуллоҳ Неъматзода. Акс аз хазина

Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар синни 75-солагӣ имрӯз бар асари бемории саратон аз дунё даргузашт.

Дар бораи марги шайх Амонуллоҳ Неъматзода аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ иттилоъ доданд. Бино ба иттилои ин сарчашма, ҷаноби Неъматзода чанд моҳи ахир дар бистари беморӣ буд ва барои табобат дар хориҷи кишвар ба сар мебурд.

Шайх Амонуллоҳ Неъматзода соли 1997 ба ҳайси раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пазируфта шуд. То ин муддат ӯ имоми масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан имомхатиби масҷиди Ҳазрати Мавлонои Яъқуби Чархӣ буд.

Ҷаноби Неъматзода баландпоятарин шахсияти расмии динӣ дар кишвар буд, ки аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард.

Ба гуфтаи масъулини Маркази исломӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз марги ин руҳонии бонуфузи кишвар изҳори таслият кардааст.

Маросими ҷанозаи шайх Амонуллоҳ Неъматзода фардо баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG