Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози афғонҳо аз нақшаи оташ задани "Қуръон"


Имрӯз садҳо афғонҳо дар як гирдиҳамоии зиддиамрикоӣ дар шаҳри Кобул ҷамъ омаданд. Онҳо бо нидоҳои “Марг ба Амрико” нақшаи яке аз калисоҳои амрикоӣ барои рӯзи 11 сентябр ба коми оташ андохтани нусхаҳои Қуръони шарифро маҳкум карданд. Вакилони парлумон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва рӯҳониён зимни суханронӣ дар гирдиҳамоӣ талаб намуданд, ки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун карда шаванд.
Калисои Dove World Outreach Center, воқеъ дар шаҳри Гейнсвилл (аёлати Флорида) ахиран эълом дошт, ки 11 сентябр - рӯзи даҳсолагии ҳамлаҳои террористӣ ба Ню-Йорк ва Вошингтон, нусхаҳои "Қуръон"-ро оташ мезанад. Сафорати ИМА дар Кобул бо пахши як изҳорот нақшаи калисоро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG