Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъд Ҳарирӣ ноҳақ будани худро эътироф кард


Сарвазири Лубнон Саъд Ҳарирӣ изҳор намуд, ки Сурияро дар ташкили куштори падараш Рафиқ Ҳарирӣ ноҳақ айбдор кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи “Аш-Шарқ Ал-Авсат”, чопи Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки он иттиҳом ангезаи сиёсӣ дошт. Сарвазири Лубнон афзудааст, ки баёноти бардурӯғи шоҳидон масъулони тафтиши байнулмилалии куштори падарашро аз масири дуруст берун кардааст.
Рафиқ Ҳарирӣ, сарвазири собиқи Лубнон, моҳи феврали соли 2005 бар асари таркиш дар Бейрут ба ҳалокат расида буд. Мақомоти Лубнон дар ин куштор хадамоти ҷосусии Сурияро айбдор карданд ва ин боиси сардии равобит миёни Бейруту Димишқ гардид. Фақат баъд аз тақрибан панҷ сол – моҳи декабри соли гузашта Саъд Ҳарирӣ ба ҳайси сарвазири Лубнон ба Сурия сафари расмӣ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG