Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба постгоҳи полис чаҳор кӯдак ҷон бохтаанд


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи маргталабона ба постгоҳи полис дар шимолу ғарби Покистон ба 19 нафар расид. Бар пояи иттилоъи ахир, миёни қурбониён чаҳор кӯдак низ ҳастанд. Дар ин ҳодиса дар шаҳри Лаккӣ-Марват, воқеъ дар ҷануби вилояти Пешовар, 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Намояндаи полиси маҳаллӣ Ғулом Хон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки корҳои наҷотбахшӣ дар ҷойи ҳодиса идома дорад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳамла, субҳи рӯзи душанбе мошини ҳомили маводи тарканда ба девори постгоҳи полис бархӯрд. Ва аммо инро мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз расман тайид накардаанд.
Ин саввумин ҳамлаи маргталабона дар Покистон дар як ҳафтаи ахир аст. Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Лоҳур ва Кветта тақрибан сад нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG