Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гиреҳи сулҳи Афғонистон дар дасти Покистон аст"


Баҳсҳои ахир дар иҷлоси сенати Афғонстон, дар мавриди таъсиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мутамарказ шуда буд ва аъзои ин маҷлис дар ин замина назароти мутафовит доштанд.

Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси ин ҷирга гуфт, ки муассирияти Шӯрои олии сулҳ бастагӣ ба ҳамкориҳои ҳукумати Покистон, ба хусус созмони ҷосусии он кишвар дорад.

Нақши боризи созмони ҷосусии Покистон дар Афғонистон

Ҷаноби Муҷаддадӣ илова кард, ки агар Покистон дар ростои баргашти Толибони мусаллаҳ ба зиндагии оддӣ бо ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ мекард, то кунун тамоми афроди баланпояи Толибон, ки аксаран дар Покистон басар мебаранд, ба василаи комисюни таҳкими сулҳ ҷазб мешуданд.

Вай афзуд: «Калиди ҳама корҳо назди ISI-и Покистон аст, то вақте, ки ISI мувофиқ ва розӣ нашавад, толибро оварда наметавонем».

Дар ҷиргаи машваратии сулҳ дар Кобул, тасмим гирифта шуд, ки ба ҳадафи идома ва пешбурди талошҳои сулҳ дар Афғонистон, шӯрои олии сулҳ эҷод шавад.

Аммо ҳукумати Афғонистон пас аз гузашти се моҳ аз ин ҷирга, ба рӯзи якшанбе гуфт, ки таъсиси шӯрои олии сулҳ ба марҳалаи ниҳоӣ расида ва номҳои аъзои он, ки муташаккил аз шахсиятҳои ҷиҳодӣ, раҳбарони қабоил ва намояндагони занон хоҳад буд, баъд аз рӯзҳои Ид эълом мешавад.

Нобоварӣ аз ташкили шӯрои ҷадид

Дар ҳамин ҳол, доктор Зулмай, як узви сенати Афғонистон гуфта, ки аъзои шӯрои олии сулҳ бояд афроде бошанд, ки собиқаи ҷурмӣ надошта ва барои ҳама, ба шумули мухолифини мусаллаҳ қобили қабул бошанд.

Аммо бархе дигар аз аъзои сенат мегӯянд, ки гузашта ҳам ниҳодҳо ва комисиюнҳои ба ҳадафи пешбурди талошҳои сулҳ дарАфғонистон оғоз ба фаъолият карда буданд аммо ба боварии онҳо натоиҷи мусбат ба дунбол надоштааст.

Аммо ҳукумати Афғонистон, ки ба Шӯрои олии сулҳи умеди бештар баста мегӯяд, ки ин шӯро метавонад кӯшишҳои сулҳро дар кишвар ҳарчи бештар тақвият намояд.

Бритониё низ ҳимоят ва пуштибонии худро аз таъсиси Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон ба ҳадафи музокира бо мухолифини мусаллаҳ иброз кард ва гуфтааст, ки бо истифода аз роҳи низомӣ, сулҳ дар Афғонистон барқарор шуда наметавонд.
XS
SM
MD
LG