Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватикан дар паи фишор ба Эрон барои наҷоти Оштиёнӣ


Ватикан гуфт, ба манзури ҳифзи ҷони Сакина Оштиёнии 43-сола аз роҳҳои дипломатӣ ба Эрон фишор меорад. Қазияи ин модари 2 фарзанд, ки дар Эрон бо ҷурми зино маҳкум ба қатл аз роҳи сангсор шудааст, мояи хашми байналмилалӣ шуд. Вакили мудофеъи ӯ аз Эрон фирор кард. Бразилия қаблан барои ин зан паноҳгоҳ пешниҳод кард, вале аз сӯи Эрон радд шуд.
Сухангӯи Ватикан Федерико Ломбардӣ сангсорро шакли хеле ваҳшиёнаи куштор номида гуфт, Попи Рум ин қазияро дар мадди таваҷҷӯҳи худ қарор медиҳад. Калисои католикӣ мухолифи ҳукми эъдом аст.
XS
SM
MD
LG