Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 4 ҷангӣ дар наздикии Мироншоҳ


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини зоҳиран амрикоӣ мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 ҷангии эҳтимолӣ дар сарзаминҳои қабиланишини воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистон шудааст. Ин мақомот бидуни бурдани ном гуфтаанд, ки ҳамла як манзил ва мошинеро дар рустое дар наздикии Мироншоҳ, бузургтарин шаҳри Вазиристони шимолӣ ба ҳадаф дошт. Ин севвумин чунин ҳамлаи мушакӣ дар ин минтақа дар 24 соати охир буда, дар пайи бомбгузории рӯзи ҷумъа алайҳи раҳпаймоии шиъаҳо дар шаҳри Кувейта аст, ки беш аз 60 кушта ба ҷо гузошт. Масъулияти ин ҳамлаи маргталабонаро Толибон бар ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG