Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми дуввуми Д. Назаров дар рӯзи аввали Ҷоми қораҳо


Рӯзи дуввум аст, ки дар Сплити Хорватия мусобиқоти Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук таҳти унвони Ҷоми қораҳо идома дорад. Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар рӯзи аввали ин мусобиқот гурзашро ба масофаи 76,78 метр андохта, сазовори ҷойи дуввум шуд. Аммо натиҷаи варзишкори тоҷик аз ғолиби рӯзи аввал гурзандози словак Либор Харфрейтаг 2,91 метр камтар будааст. Дилшод Назаров ҳафтае қабл дар Ҷоми ҷаҳонии чолиш дар Итолиё соҳиби ҷойи севвум ва нишони биринҷии ин мусобиқот шуда буд. Ин варзишкори тоҷик феълан бо 236,02 имтиёз дар раддабандии беҳтарин гурзандозони дунё дар мақоми аввал аст.
XS
SM
MD
LG