Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши дирӯзаи Хуҷанд 3 нафар кушта шудаанд


Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд рӯзи шанбе гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба қароргоҳи РОБОП, идораи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ин вилоят, 3 нафар, бо шумули ҳамлагари маргталаб ва ду ходими ин бахши милиса кушта ва 26 корманди милисаву 2 нафари мулкӣ захмӣ шудаанд. Қаблан вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуфт, ки дар дохили мошини бомбгузоришудаи ГАЗ-24, ки дар ҳавлии РОБОП таркид, 2 нафар буданд. Мақомот мегӯянд, ҳадафи ҳамла ғолибан раҳоии 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов буд. Ҷасади Каримов рӯзи 30 август ёфт шуд ва мақомот афроди гумонбар дар қатли ӯро ба Ҳаракати исломии Узбакистон рабт медиҳанд.
XS
SM
MD
LG