Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Blackwater” бо номҳои ҷадид фаъолият доштааст


Рӯзномаи амрикоии “The New York Times” навишт, ки ширкати амниятии “Blackwater Worldwide” дар пайи ба интиқодоти шадид рӯ ба рӯ шудани фаъолиятҳояш дар Ироқ боз ҳам ба хотири дарёфти қарордодҳои давлатӣ як шабакаи иборат аз 30 муассисаву ширкатҳоро ташкил додааст. Бино бар ин гузориш, сенатор Карл Левин, раҳбари кумитаи хадамоти мусаллаҳи Сенат аз вазорати адлияи Амрико хостааст, эҳтимоли гӯл задани давлат аз сӯи “Blackwater”-ро таҳқиқ кунад.
“Blackwater”, ки акнун ҳамчун “Xe” маъруф аст, аз соли 2007, ба дунболи кушта шудани 17 ироқии мулкӣ аз сӯи маъмуронаш дар мадди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG