Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти ду маҳбуси фирорӣ таъйид нашуд


То имрӯз танҳо як нафар аз маҳбусони фирорӣ дастгир шудааст
То имрӯз танҳо як нафар аз маҳбусони фирорӣ дастгир шудааст

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти ду нафари дигар аз маҳбусони фирориро рад кард. Қаблан хабаргузории «Авесто» бо истинод ба сарчашмаҳои ғайрирасмӣ дар бораи ду маҳбуси фирорӣ иттилоъ нашр карда буд.

Хабаргузории «Авесто» навиштааст, ки ду нафари фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи ҷумъа дар шимоли шаҳри Душанбе, дар маҳалли маъруф ба «Медгородок», дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти амниятӣ дастгир шудаанд.

Аммо як масъули дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хабари боздошти ду нафар аз фирориён асосе надорад.

Мақомоти расмӣ хабари ҳамлаи мусаллаҳона ба ду постгоҳи вазорати дифоъ дар дараи Ромитро низ рад кардаанд.

Рӯзи ҷумъа хабаргузории дигари Тоҷикистон – «Азия плюс» дар ин бора иттилоъ нашр кард. “Азия плюс” навиштааст, ки омилони ҳамла эҳтимолан маҳбусони фирориеянд, ки дар дараи Ромит паноҳ бурда, қасд доранд, ба самти кӯҳистони Мастчоҳ ҳаракат кунанд.

Шаби 23 август 25 маҳбус дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе фирор карданд.

Иброҳим Насриддинов
Боздошти тарҳрези фирор


То кунун танҳо як нафар аз фирориён – маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро дастгир кардаанд ва сарнавишти 24 нафари дигар то ҳол норавшан боқӣ мемонад. Тибқи иттилои мақомот, Иброҳим Насриддинов рӯзи панҷшанбе дар маҳалли Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат боздошт шудааст.

Аз ситоди вазорати корҳои дохилӣ ба Озодӣ хабар доданд, ки феълан Иброҳим Насриддинов таҳти назорати ситоди вазорат қарор дорад. Як масъули ситоди фаврии вазорати корҳои дохилӣ гуфт, боздоштшуда барои бозрасӣ мешавад ва баъдан шояд дубора ба маҳбасхонаи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол дода шавад.

Телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми панҷшанбе лаҳзае аз бозпурсии Иброҳим Насриддиновро бидуни ифшои ҷузъиёти боздошт намоиш додааст.

Худдории мақомот аз шарҳи ҳодиса

Ҳамзамон мақомоти амниятӣ дар бораи раванд ва натоиҷи амалиёти ҷустуҷӯи 24 маҳбуси фирории дигар иттилое пахш накардаанд. Масъулини ниҳодҳои амниятӣ аз тафсилоти ҳодисаи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи амният низ худдорӣ мекунанд.

Адами иттилои дақиқ ва расмӣ дар робита ба ин ҳодиса дар байни таҳлилгарон ва мардуми кишвар фарзияҳо ва овозаҳои мухталифро ба бор овардааст.

Шарбат Достиев, таҳлилгари масоили амниятӣ, ба ривояти Кумитаи амният дар мавриди фирори маҳбусон бо шубҳа менигарад. Вай мегӯяд, «кушта шудани кормандони боздоштгоҳ бидуни муқобилае бо фирориён то ҷое ба ҳақиқат наздик нест». Ӯ бар ин назар аст, ки маҳбуси боздоштшуда бояд тавассути телевизиони давлатӣ бозпурсӣ шавад, то мардум аз тафсилоти қазия огаҳ бошанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, дар мавриди амалиёти ҷустуҷӯи фирориён назари хушбинона дорад. Вай мегӯяд, зиндониёни фирорӣ имконе барои зуҳур ба ҳайси як нерӯ дар муқобили ҳукуматро надоранд ва оқибат дастгир хоҳанд шуд.

Вале соҳибназарон мегӯянд, бо тӯл кашидани амалиёти таъқибу ҷустуҷӯи фирориён имкони боздошти онҳо камтар ва нигарониҳои мардум бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG