Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозиҳо дар дараи Ромит


Шаби панҷшанбе ба ҷумъа 2 посгоҳи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Ромит тирборон шудаанд. Бино ба хабарҳо, посгоҳҳои низомӣ аз соати 12 то 4 субҳ таҳти ҳамла қарор доштаанд, вале дар бораи кадом талафоте дар натиҷаи ин тирандозиҳо гузорише ба даст нарасидааст. Манобеъи хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, омилони ҳамла эҳтимолан маҳбусони фирориеянд, ки дар дараи Ромит паноҳ бурда, қасд доранд, ба самти кӯҳистони Мастчоҳ фирор кунанд. Шаби 23 август 25 маҳбус дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе фирор карданд. То кунун танҳо як тани онҳо –маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро дастгир кардаанд.. Дар пайи фирори ин маҳбусон 4 раҳбари аввали кумитаи амниятро барканор карданд.
XS
SM
MD
LG