Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Ҳадафи ҳамла - фармондеҳи ҲИУ буд


Сафари Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, ба Кобул бо фоҷиа дар шимоли Афонистон бар асари зарбаи ҳавопаймои низомии НАТО рост омад. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки дар ин ҳодиса даҳ корманди маъракаи интихоботӣ кушта шудаанд. Роберт Гейтс дар нишасти хабарии муштарак бо Карзай изҳор намуд, ки ҳадафи ҳавопаймои низомӣ ошӯбгарон аз Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон буданд. Раҳбари Пентагон гуфт, "ман воқеъан ҳам метавонам тайъид кунам, ки як раҳбари аршади Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ҳадаф қарор дошт ва кушта шуд. Ӯ фарде буд, ки ҳамлаҳои зиёдеро дар ин ҷо - дар Кобул ва дар шимоли Афғонистон ташкил карда буд. Ман шунидам, ки эҳтимолан афроди мулкӣ ҳам кушта шуданд ва мо инро, албатта, тафтиш мекунем".
Ҳамлаи ҳавопаймои низомӣ дар волусволии Ростаки вилояти Тахор, дар марз бо Тоҷикистон, сурат гирифт. Ин минтақа нисбат ба манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон, ки такягоҳи "Толибон" маҳсуб мешаванд, нисбатан орому осоишта аст.
XS
SM
MD
LG