Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Олға" ва коммунистҳои қазоқ алайҳи Назарбоев


Масъулини ҳизби “Олға” ва ҳизби комунисти Қазоқистон мавзӯъи баргузории раъйпурсӣ оиди ба ҷавобгарӣ кашидани раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро баррасӣ карданд. Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, раҳбари “Олға” Владимир Козлов ва раиси бахши ҳизби комунист дар шаҳри Алмаато Кодир Қошқаров гуфтанд, ки онҳо рӯзи 25 сентябр дар робита ба чӣ гуна баргузор кардани раъйпурсӣ нишасти муштарак доир мекунанд. Ба гуфтаи Владимир Козлов, онҳо дар бораи раъйпурсӣ баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Нурсултон Назарбоев расман “пешвои миллат” эълон шуд. Мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки Назарбоеви 70-сола бояд бознишаста шавад. Онҳо раисиҷумҳурро дар чандин қонуншиканӣ ва вазъи тоқатфарсои миллионҳо бознишастаҳо айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG