Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гуфтушуниди рӯбарӯи Исроил ва фаластиниҳо


Имрӯз раҳбарони исроилӣ ва фаластинӣ дар Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида аввалин гуфтушуниди рӯбарӯи худро оғоз мекунанд. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, ин воқеаро як фурсати нодире номид, ки мумкин аст, дигар ба ин зудиҳо даст надиҳад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббосро “шарики сулҳ”- и худ номид. Дар навбати худ, Аббос, тахмин зад, ки созиши сулҳ метавонад дар як соли оянда ҳосил шавад. Вай Исроилро ба қатъи шаҳраксозии муҳоҷирон дар каронаи бохтарии рӯди Урдун даъват кард. Дар арафаи нахустин гуфтугӯи мустақим дар Ховари Миёна ду тирандозӣ ба сӯи исроилиҳо ба вуқӯъ пайваст, ки дар онҳо гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамосро айбдор медонанд.
XS
SM
MD
LG